• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » Статьи » Энциклопедия » Қ

ҚУРБОНОВ Убайдулло Абдуллоевич
ҚУРБОНОВ Убайдулло Абдуллоевич (тав. 20. 12. 1961, деҳаи Кӯрқудуқи ноҳ. Данғара), микроҷарроҳ, ҷарроҳи тармиму пластик, ҷарроҳи тахассуси дараҷаи олӣ (2000), доктори илми тиб (2004), проф. (2007). Барандаи ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷикистон (1988), Мукофоти байналхалқии ба номи Суқрот («Socrates International Award»; ш. Оксфорди Британияи Кабир, 2007). Проф. фахрии Донишгоҳи байналхалқии Вена (2009). Раиси Кумитаи Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии ҶТ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, тандурустӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни бонувону ҷавонон (аз 2010). Хатмкардаи фак-ти муолиҷавии ДДТТ (1984). Ординатори клиникии кафедраи ҷарроҳии госпиталии ДДТТ (1984 – 86), ҷарроҳ (1987 – 97) ва мудири шӯъбаи ҷарроҳии тармимӣ ва пластикӣ (1997 – 2003), муовини директори Маркази илмии ҷумҳуриявии ҷарроҳии дилу рагҳо ва қафаси сина (2003 – 05), ректори ДДТТ (аз авг. 2005). Дар марказҳои бузурги тиббии Россия (Москва, Санкт-Петербург), Олмон (Франкфурти лаби Майн, Гиссен) ва Австрия (Залсбург) такмили ихтисос кардааст. Ҳар сол беш аз 200 амалиёти ҷарроҳӣ анҷом медиҳад. Дар тӯли фаъолияти кориаш беш аз 5600 амалиёти ҷарроҳӣ гузаронидааст (аксари онҳо ҷарроҳиҳои нодир ва мураккаб мебошанд). Муаллифи беш аз 300 асару мақолаҳои илмист.
Қ. ҷарроҳи чирадаст буда, амалиёти ҷарроҳиро бо маҳорати хос ва дараҷаи олии тахассусӣ иҷро мекунад. Яке аз пешоҳангони микроҷарроҳии барқарорсозанда дар Тоҷикистон аст. Тадқиқоти Қ. ба реплантатсияи ангуштон, панҷа ва бандҳои калони андомҳои поёну боло, истифодаи техникаи микроҷарроҳӣ дар амалиёти гуногуни ҷарроҳӣ оиданд. Нозукиҳои реплантатсияро муфассал омӯхта, вобаста ба тарзи осеб ва аҳамияти вазоифии банди қатъшаванда гузарондани реплантатсияро таъкид кардааст. Усулҳои гуногуни ҷарроҳии реконструктивию тармимиро таҳия ва дар амал ҷорӣ намуд, ки ба ҳифзи қобилияти ҳаётӣ ва беҳтар сохтани фаъолияти ангушти калони даст нигаронда шудаанд. Як силсила пажӯҳишҳои Қ. ба истифодаи микроҷарроҳии барқарорсозанда дар мавриди табобати чурраи шикам ва дермотензияи экспандерии қисми мӯйдори сар ҳангоми алопетсия бахшида шудаанд.
Дар анҷуману конфронс ва кунгураҳои дохилу хориҷи мамлакат (Тошкент, Саратов, Москва,Германия, Теҳрон, Исфаҳон, Австрия, Англия, Париж) бо маърӯзаву гузориш баромад кардааст. Муаллифи 56 пешниҳоди навоварӣ ва 8 ихтироъ мебошад. Сармуҳаррири маҷаллаи илмии «Паёми Сино». Узви Ассотсиатсияи ҷарроҳони пластикӣ, тармимӣ ва эстетикии Россия ва Аврупо (аз с. 1994), аъзо, яке аз муассисон ва вакили миллӣ (аз с. 1998) ва президенти (аз с.2002) Академияи Тиббии Ҷаҳонӣ (дафтараш дар ш. Залсбурги Австрия).
Қ. дар ҳаёти сиёсии ҷумҳурӣ низ фаъолона ширкат меварзад. Дар 5 маҷлиси Кумитаи Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии ҶТ, ки раисии онро Қ. ба ӯҳда дорад, 19 қонун мавриди баррасӣ қарор гирифтааст (2011). Бо ташаббуси Қ. дар ДДТТ маҷаллаи илмию оммавии тиббӣ «Авҷи зуҳал» ба табъ расид (2010).
Ос.: Экспандерная дермотензия в хирургическом лечении рубцовых алопеций и травматических дефектов волосистой части головы. «Анналы пластической, реконструктивной и эстетической хирургии», № 2, 2006; Значение абдоминопластики в хирургии передней брюшной стенки. «Анналы пластической, реконструктивной и эстетической хирургии», № 3, 2006; Новые подходы в хирургическом лечении послеожоговых рубцовых контрактур крупных суставов конечностей. «Анналы пластической, реконструктивной и эстетической хирургии», № 2, 2007; Развитие и достижения реконструктивно-пластической хирургии в Таджикистане за 20 лет. «Актуальные вопросы реконструктивной и пластической хирургии», 2007; Дефекты ушной раковины травматического характера и их хирургическое лечение. «Паёми Сино», № 4, 2008; Ринопластика при посттравматических деформациях носа. «Паёми Сино», № 2, 2008; Основы микрохирургии, Д., 2009; Истилоҳот ва масоили пизишкӣ дар «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ. «Авҷи зуҳал», 2011, № 1.
Категория: Қ | Добавил: Sharaf (24.02.2013)
Просмотров: 416 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

А [376]
Б [216]
В [43]
Г [273]
Ғ [49]
Д [195]
Е [4]
Ё [11]
Ж [4]
З [82]
И [137]
К [228]
Қ [62]
Л [88]
М [296]
Н [139]
О [133]
П [237]
Р [134]
С [313]
Т [246]
У [68]
Ф [78]
Х [188]
Ч [36]
Ҷ [49]
Ш [87]
Э [0]
Ю [0]
Я [0]

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 2
Гостей: 2
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия